Фестивали байналмилалии санъати театрӣ
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Чанде пеш дар Театри ба номи А.П. Чехови шаҳри Ялтаи Украина фестивали V-уми байналмилалии санъати театрии «Театр.Чехов. Ялта» баргузор гардид, ки дар он дастовардҳои беҳтарини бахши санъати театрӣ намоиш дода шуданд. Имсол ҳайатҳои театрии бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Украина, Русия, Эрон, Миср, Исроил, Фаронса ба манзури иштирок дар фестивал ба Кумитаи тадорукоти он дархост дода буданд. Ташкилкунандагони фестивал баъди муҳокимаи муфассал ва арзёбии холисона 13 намоишномаи театрҳои касбии Украина, Русия, Миср, Эстония, Арабистони Саудӣ, Лаҳистон, Тоҷикистон ва Молдоваро манзури ҳаводорони театр намуданд. Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М.Воҳидов дар фестивал намоишномаи «Рустам ва Суҳроб»-ро дар заминаи достони «Рустам ва Суҳроб»-и Фирдавсӣ намоиш дод, ки аз шуҷоату қаҳрамонӣ, моҷароҳои дарборӣ ва муҳаббату хиёнат қисса мекунад.
Ҳунарпешагони тоҷик барои таҷассуми барҷастаи ҳамосаи классикии миллӣ бо воситаҳои муосири театрӣ ба дипломи ҷашнвора сазовор гардиданд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Раҳматулло Раҳматуллоев хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






