Фурудгоҳ: «Барои сафарбар кардани зоирин омодаем!»
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Саидэҳсони Солеҳ).- Имрӯз дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Кумитаи корҳои дин, Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук, ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ҷаласаи муштарак баргузор шуд. Ҷонибҳо вазифадор шуданд, ки дар гусел ва қабули зоирин масъулияти бештаре дошта бошанд. Тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар барои дар сатҳи баланд гусел ва қабул намудани зоирин «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» омодагӣ дидааст. Гусели зоирин ба Ҳаҷ аз 29 сентябр оғоз гардида, то 19 октябр идома мекунад. Тибқи нақша, танҳо барои гусели зоирин аз фурудгоҳи Душанбе ба Ҷидда 24 парвоз амалӣ гардида, зиёда аз 4500 зиёраткунанда интиқол дода мешавад. Имсол ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ- «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» интиқоли зоиринро бар ӯҳда доранд. Дар ҷаласа зикр шуд, ки имсол гусели зоирин бевосита аз фурудгоҳи Душанбе сурат мегирад. Дар ин бора ба мо Муҳаммадюсуфи Шодӣ, сухангӯи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» иттилоъ дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






