Футбол: Ғалабаи Тоҷикистон бар Қатар

Сентябрь 7, 2012 14:00

Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Мусобиқаи дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар як вохӯрии дӯстона бо дастаи мунтахаби Қатар, ки ба бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон Бразилия-2014 омодагӣ мегирад, дар Олмон бо пирӯзии футболбозони тоҷик бо натиҷаи 2 бар 1 ҷамъбаст шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ бори аввал сармураббии дастаи мунтахаби «Истиқлол» Никола Квазович ба ҳайси сармураббӣ ба майдон овард. Чаро? Оё Камол Алиспахич, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар бозиҳои пешин натиҷаи хубе нишон надодааст, аз мансаби сармураббигии дастаи мунтахаб озод шудааст?Пеш аз сафари даста ба ин суол мо аз сухангӯи Федератсияи футболи ҷумҳурӣ Фаридун Солиев ҷавоб гирифтем. Ӯ гуфт: «Федератсияи футболи Тоҷикистон бо Камол Алиспахич ягон шартнома надорад ва аз ин рӯ Квазович дастаро ба вохӯрии дӯстонаи байналмилалӣ бо тими мунтахаби Қатар омода мекунад».Натиҷаи вохӯрии дирӯза, ки баъди қисми аввал 0 бар 0 буд, Квазовичро роҳнамун сохт, то дар дақиқаи 60 –ум се бозингаррро иваз намояд. Баъди 5 дақиқа ин тағйирот ба бозии бачаҳо дигаргунӣ ворид кард ва дар иҷрои Даврон Эргашев голи аввалин ба дарвозаи дастаи мунтахаби Қатар зада шуд. Баъди иваз намудани боз се бозингари дигар дар дақиқаи 72 дастпарварони Никола Квазович боз ба задани гол мушарраф шуданд. Дилшод Восиев муаллифи ин гол гардид. Дар дақиқаи 80-ум футболбозони Қатар тавассути голи задаи Сория ҳисобро тағйир доданд. Агар ин ғалаба дар бозии расмӣ ба даст наомада бошад ҳам, он ба дили мухлисон тухми умед корид. Аҷаб не бо Никола Квазович футболи тоҷик ба ягон дастоварди хубе расад. Дастаи мунтахаби Қатар дар силсилаи бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон бо дастаи мунтахаби Эрон дар шаҳри Теҳрон бо ҳисоби 0 бар 0, дар Лубнон бо футболбозони ин кишвар бо натиҷаи 1 бар 0 ғалаба карда, аз дастаи Кореяи Ҷанубӣ дар майдони худ бо ҳисоби 1 бар 4 шикаст хӯрдааст.

Сентябрь 7, 2012 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад