Футбол барои мухлисон аст ё…?
Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев) –Дирӯз дар варзишгоҳи марказии пойтахт бори аввал бозии футбол зери партави чароғҳои мунаввар барпо гардид. Дастаи «Энергетик» дар рақобати аввали нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо «Истиқлол» қувва озмуда, бо натиҷаи 1 бар 3 мағлуб шуд. Барпо шудани ин дидор дар соати 19 шом барои ҳамаи дӯстдорони футбол хеле гуворо буд. Танҳо истиқболи маъмурияти варзишгоҳ дили онҳоро хаста кард. Тақрибан 1000 нафар мухлисе, ки вориди майдон шуданд, намедонистанд чӣ тавр ба рӯи курсиҳои серчангу ғубор, ки моҳҳои зиёд тоза карда нашуда буданд, нишинанд. Ба бахти онҳо бозингаре либосҳои варзишиашро барои тоза кардани курсиҳо пешниҳод кард ва онҳо тавонистанд каме ҳам бошад, курсиҳоро барои нишастан мувофиқ кунонанд. Магар маъмурияти варзишгох аз барпо шудани ин бозӣ бехабар буд? Магар онҳо гумон карданд, ки ба дидани бозӣ касе намеояд? Футбол борои мухлисон аст ва варзишгоҳ ҳам. Аз ин рӯ, кормандони варзишгоҳро мебояд, ки варзишгоҳро ҳам барои бозӣ омода кунанду ҳам барои мухлисон. Дар пеш баргузории бозиҳои ниҳоии Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё дар варзишгоҳи марказии пойтахт дар назар аст. Биёед ба нафси мухлисони бозии футбол нарасем. Бе ин ҳам шумораи онҳо нисбат ба солҳои пешин коҳидааст. Дар дидори дувуми нимниҳоӣ дастаи «Регар- ТадАЗ» дар мизбонӣ «Гвардия»-ро бо натиҷаи 3 бар 0 шикаст дод. Бозиҳои ҷавобӣ рӯзи 15 ва 17-сентябр баргузор мешаванд. «Истиқлол» ин вохӯриашро дар варзишгоҳи марказии пойтахт дар соати 19-и шом бо дастаи «Энергетик» доир мекунад.








Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






