Героин дар фурудгоҳ
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Аз тарафи кормандони гумрук бо истифода аз воситаҳои муосири техникии назорати гумрукӣ як кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ошкор ва ҷилавгирӣ карда шуд.Тавре ки аз шӯъбаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, кормандони дидбонгоҳи гумрукӣ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҳангоми ба расмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайри №627 самти «Душанбе-Маскав» шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Комрони Борон, соли таваллудаш 1994-ро бо ҷурми даст доштан дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар гумонбар дониста, аз парвоз боздоштанд. Дар рафти муоинаи гумрукӣ кормандони гумрук аз зери либоси таҳпӯши боздоштшуда як адад бастаи селофании рангаш сиёҳро, ки дар дохилаш хокаи монанд ба героин дошт, дарёфт ва мусодира намуданд. Тибқи маълумотномаи коршиносон вазни холиси маводи аз шаҳрванд Олимзода Комрони Борон гирифташуда 971,4 граммро ташкил дод, ки ба маводи нашъадори героин мансуб мебошад. Нисбат ба номбурда парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






