Харидории автобусҳои мутобиқ ба стандарти «Евро-3»
Душанбе, 28 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шаҳрдории Душанбе дар бобати харидории 150 адад автобуси мусофиркаши хурдҳаҷм тендер эълон менамояд. Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе автобусҳое, ки харидорӣ мегарданд, бояд мутобиқ ба стандарти экологии «Евро-3» мӯҳлати истифодаи кафолатии на камтар аз 2 сол дошта бошанд,. инчунин бо муҳаррики бензинӣ, дизелӣ ва сўзишвории гази моеъ ҳаракат намоянд. Дархостҳои хоҳишмандон ҷиҳати иштирок дар озмун аз 1 то 10 октябри соли равон пазируфта мешавад ва тендер 11 октябри соли 2012 дар маҷлисгоҳи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе баргузор ва ҷамъбаст мегардад . Ҳадаф аз харидории 150 адад автобуси мусофиркаши хурдҳаҷм баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон дар хатсайрҳои гуногуни пойтахт аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






