ХБА ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро вусъат медиҳад
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ШМА Нуриддин Шамсов бо муовини мудири Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) Мин Зу дар Вашингтон мулоқот намуд. Зимни мулоқот М. Шамсов ба Мин Зу оид ба вазъи имрӯзаи молиявӣ ва макроиқтисодии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Мин Зу дар навбати худ иқдоми ҷониби Тоҷикистонро барои ҳамкории самарабахш ва татбиқи амалии ислоҳоти сохторӣ ҷиҳати боло бурдани квотаи кишвар дар ХБА ҳамчун дастоварди назаррас арзёбӣ карда, тазаккур дод, ки ХБА омодааст, то ҳамкорӣ ва кӯмаки амалиашро ба Тоҷикистон идома диҳад. Мин Зу илова кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, ки чунин ислоҳоти муҳимро татбиқ кардааст. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






