Хизматрасонӣ барои ашхоси маъюб

Сентябрь 20, 2012 16:53

Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-21 сентябри соли равон дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалӣ бахшида ба 20- солагии таъсиси Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи ташхис ва барқарорсозии қобилияти меҳнатии маъюбон бо табобатгоҳ» дар мавзӯи: «Инкишофи хизматрасонии иҷтимоию тиббӣ барои ашхоси дорои маъюбӣ дар Тоҷикистон: ҷанбаи амалӣ» баргузор мегардад.  Мавриди зикр аст, ки Пажуҳишгоҳ аз қисмҳои илмӣ, клиникӣ ва хоҷагӣ иборат буда, заминаи моддию техникӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, васоити офиятбахшӣ, техникаи ташкилии коргоҳ ва воситаҳои алоқа таъмин мебошад. Вазифаҳои афзалиятноки Пажуҳишгоҳ чунин муайян шудаанд: коркарди сохтори нави ташкилию идораи муассиса, баланд бардоштани қудрати илмии кормандон ҷиҳати ҷорӣ намудани фаъолияти мувофиқ дар сатҳи илмию тадқиқотӣ ва услубӣ, ташкили заминаи моддию техникӣ ва маълумотии зарурӣ, ташкил ва такмили усулҳои тайёр кардану бозомӯзии мутахассисони офиятбахши иҷтимоӣ, кормандони иҷтимоии қисми мобайнӣ, инкишофи ихтисосҳои нав – терапия ба воситаи кор ва эрготерапия дар Тоҷикистон. Пажуҳишгоҳ бо сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои хориҷию ҷамъиятӣ ҳамкориҳои зичу судманд дорад.

Сентябрь 20, 2012 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд