Холид валади Гулмурод ба Душанбе чӣ овард?
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- 8-уми сентябри соли ҷорӣ ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар нохияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Холид валади Гулмурод, соли таваллудаш 1982, сокини вулусволии Дашти Қалъаи қарияи Аланги вилояти Тахори Афғонистон барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор ҳамчун гумонбар дастгир карда шуд.Дар ин бора сардори маркази матбуоти ВКД Маҳмадулло Асадуллоев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.Тибқи иттилои манбаъ, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 69 килою 120 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд. Инчунин дар ҳамдастӣ дар ин кирдор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Умедҷон Қаюмови 35 сола, сокини шаҳри Душанбе дастгир гардид. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






