Хуҷанд: Омодагӣ ба ҷашни истиқлолият
Хуҷанд, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Дар доираи омодагӣ ба ҷашни истиқлолияти кишвар бо иқдоми мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба хотири фароҳам овардани шароити шоиста барои сокинони шаҳр дар маҳаллаҳои зист тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Дар муддати кӯтоҳ дар назди биноҳои баландошёнаи шаҳр 8 майдончаи варзишӣ бунёд ва таҷҳизонида шуд, ки шумораи онҳо то охири сол ба 20 адад мерасад. Дар ҳудуди шаҳр аз оғози сол 21 корхонаи хурду калон мавриди истифода қарор гирифт, ки дар маҷмӯъ 500 нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин намуд. Корхонаҳои шаҳр давоми 8 моҳ ба маблағи зиёда аз 208 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Ҳамчунин иншооти зиёди манзилию маишӣ, фарҳангию маърифатӣ мавриди истифода қарор гирифта, 3595 метри мураббаъ роҳҳои кӯчаю хиёбонҳои шаҳр мумфарш шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






