Ифтитоҳи коргоҳи нави дорусозӣ дар Душанбе

Сентябрь 5, 2012 16:01

Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, дар наздикии бозори Султони Кабир ба муносибати ҷашни пуршукўҳи Истиқлолияти ҷумҳурӣ коргоҳи нави дорусозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кўҳҳои Тоҷикистон» расман кушода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова, мудири шӯъбаи тандурустӣ оид ба масъалаҳои занон ва оилаи дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобоҳоҷиева, муовини аввали вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Ҷобирова ширкат намуданд. Зикр шуд, ки имрўз дар мамлакат 11 ширкати хусусӣ ба истеҳсоли 75 номгўй доруворӣ ва молҳои тиббӣ машғуланд, ки яке аз онҳо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кўҳҳои Тоҷикистон” мебошад. Коргоҳи нави дорусозии ин ширкат, ки бо харҷи 180 000 доллари амрикоӣ ба итмом расид, сабаби бо ҷойи кор таъмин гардидани мутахассисони соҳаи фарматсевтӣ гаштааст.Корхонаи навбунёд таҳияи технологияи истеҳсоли понздаҳ намуди дорувориро дар шакли марҳамҳо, ҳабҳо, шираҳо ба анҷом расонида, то имрӯз як миқдор доруи таҷрибавиро низ истеҳсол намудааст.Ин корхонаи дорусозӣ иқтидор дорад, ки дар як сол то як миллион туб марҳам (маз), 10 млн. ҳаб ва 500 ҳазор шиша дорувориро дар шакли моеъ истеҳсол намояд. Корхона бо ҷалби маблағҳои худӣ, БДА «Амонатбонк» ва бонки «Эсхата» бунёд гардидааст. Дар айни замон дар корхонаи дорусозии «Кӯҳҳои Тоҷикистон» 12 нафар корманди фармасевтӣ ва инженерию техникӣ кор карда, баъди ифтитоҳи расмии он иловатан 6 нафар мутахассиси соҳаи дорусозӣ ба кор қабул мешавад. Шумораи умумии кормандон 18 нафарро ташкил дода, маоши миёнаи онҳо 700-800 сомониро ташкил медиҳад. Ашёи хом ба ин корхона асосан аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия ва аз дохили кишвар ворид мешавад. Кормандони корхона кӯшиш менамоянд, ки бо маҳсулоти ватании худ бозори дохилиро бо доруҳои арзон ва баландсифат таъмин намоянд.

Сентябрь 5, 2012 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд