Илова ба қонуни Буҷети давлатӣ
Душанбе, 25 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз масъалаҳое буданд, ки 25 сентябр дар ҷаласаи Шўрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров доир шуд, баррасӣ гардиданд. Аз палатаи поёнии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аъзои Шўро ҳамзамон масъалаҳои ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», дар бораи таъсис додани гурўҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуданд. Масъалаҳои мазкурро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Амирқул Азимов, Амир Катаев, Маҳмадалӣ Ватанов, Олим Салимзода ва дигар аъзои Шўро тавзеҳ доданд. Дар фарҷом қисме аз масъалаҳо барои баррасӣ ба ҷаласаи якуми иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон ва қисми дигар барои додани хулосаи ташхиси ҳуқуқӣ ба шўъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ирсол гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






