ИМА ҷонибдори рушди муносибатҳо бо Тоҷикистон аст

Сентябрь 12, 2012 16:14

Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Дирӯз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА Нуриддин Шамсов бо вакили Конгресс Ҷозеф Питтз мулоқот намуд.
Ба муносибати ёдбуди 11-умин солгарди қурбониёни фоҷиаи террористӣ дар шаҳри Ню-Йорк, ки соли 2001 рух дод, сафир аз номи роҳбарият ва ҳукумати кишвар ба Ҷозеф Питтз изҳори ҳамдардӣ кард. Таъкид гардид, ки баъд аз ин ҳодиса Тоҷикистон ва ИМА бо азму иродаи қавӣ тасмим гирифтанд, ки дар амри муборизаи оштинопазир бар зидди терроризми байналмилалӣ ва зуҳуроти он дар паҳлӯи ҳамдигар биистанд ва дар ин самт ҳамкории наздик ва шариконаро ба роҳ монанд. Ӯ Ҷозеф Питтзро бо иқдомҳои Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти минтақавӣ ва эҳёи Афғонистон, ҳамкории кишвар бо ИМА дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, сохтмони роҳҳои транзитӣ ва пулҳо, демократикунонӣ, тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ шинос кард. Ҷозеф Питтз дар навбати худ таъкид кард, ки ИМА саъю талошҳои Ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва кӯмак ба Афғонистон дастгирӣ менамояд ва доимо ҷонибдори рушди муносибатҳои шарикона ва гуногунҷанбаи дуҷониба бо Тоҷикистон мебошад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Сентябрь 12, 2012 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд