Иштироки Тоҷикистон дар «ГРОМ-2012»

Сентябрь 14, 2012 08:50

Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз дар вилояти Маскави Федератсияи Русия машқҳои байналмилалии фаврию тактикии қисмҳои таъиноти махсуси мақомоти зиддимухаддиротии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) бо номи рамзии «ГРОМ-2012» оғоз мегарданд.Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин машқҳо кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.Дар машқҳо қисмҳои таъиноти махсус ва гурӯҳҳои фаврии мақомоти зиддимухаддиротӣ амалиётҳои муштаракро оид ба пешгирии роҳҳои интиқоли қочоқи маводи нашъадор, воситаҳои психотропӣ ва пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша дар ҳудуди яке аз кишварҳои аъзои СААД мегузаронанд.Ҳамзамон иштирокчиён малакаи амалии худро дар вақти кофтуков, дастгир кардан ва безарар гардонидани гурӯҳҳои ҷиноятпеша такмил медиҳанд. Дар ин бора аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Сентябрь 14, 2012 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд