Истеҳсоли хишт меафзояд

Сентябрь 14, 2012 16:16

Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ 83 корхонаи хурду миёнаи хиштбарорӣ фаъолият дошта, 2235 нафар коргарро фаро гирифтааст. То моҳи сентябри соли равон ба миқдори 65 миллиону 189,5 ҳазор дона хишт истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,5 миллион дона хишт зиёд мебошад.  Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 апрели соли 2012 «Дар бораи тасдиқи нақшаи амал оид ба таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013» дар 8 моҳи соли ҷорӣ 5 корхонаи нави хиштбарорӣ- ҶДММ «Нур-С»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ҶДММ «Фирӯз-бинокор»-и шаҳри Ваҳдат, ҶДММ «Импекс»-и ноҳияи Ҳисор, ҶДММ «Шаҳрзод»-и шаҳри Турсунзода ва ҶДММ «Гулдаст»-и ноҳияи Мӯъминобод бо таъсиси 120 ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар айни замон бо дастгирӣ ва мусоидати вазорат сохтмони якчанд корхонаи хишт дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ идома дошта, баистифодадиҳии онҳо то охири соли ҷорӣ дар назар дошта шудааст.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноат иттилоъ доданд.

Сентябрь 14, 2012 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!