Истиқболи гарми ҳунармандони театри Хоруғ
Хоруғ, 18 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). — Чанд рӯз боз ҳунармандони театри мусиқию мазҳакавии шаҳри Хоруғ сафари ҳунарии худро дар деҳоти ноҳияи Ишкошим идома медиҳанд. Сафари ҳунарии гурӯҳ аз ҷамоати деҳоти Андароб оғоз гардида, сокинони деҳот онҳоро хеле хуш истиқбол карданд. Дар деҳаи Птуп мардум баъди анҷоми корҳои саҳроӣ рост ба бинои Хонаи фарҳанг омада, ҳар як тарона ва рақси ҳунармандони театрро бо кафкубӣ истиқбол мекарданд. Бахусус садои форам ва дилнишини сарояндаи мумтоз Заррина Мамадасанова ва ҳофизи хушовоз Хусейнбек Шоғунбеков ба ҳаводорони мусиқӣ хеле писанд омад. Раҳбари гурӯҳ гуфт, ки онҳо чунин маҳфилҳои ҳунариро дар ҷамоати деҳоти Шитхарв, деҳаи Намадгут ва маркази ноҳия низ баргузор мекунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






