«Истиқлол» ё «Дурдой»?

Сентябрь 24, 2012 14:31

24 cентябр (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев) – Имрӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ду дидор миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон бо «Дурдой»-и Қирғизистон соати 16 ва «Тайван Пауэр Компани»-и Тайван бо «Ал-Аммари»-и Фаластин соати 19 барои Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё баргузор мегардад. Дар нишасти матбуотие, ки дирӯз дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» бо сармураббиён ва капитани дастаҳо баргузор шуд, зикр гардид, ки ҳамаи дастаҳо барои нишон додани маҳорати бозингарии худ ва ба даст овардани Ҷом ба Тоҷикистон омадаанд. Бояд гуфт, ки бозии байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Дурдой» бозии асосӣ ва тақдирсоз дар гурӯҳи «А» маҳсуб мешавад. Дастаи «Тайван Пауэр Компани» охирин ғолиби ин Ҷом дар бозии гузашта аст.

Сентябрь 24, 2012 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад