Кӯмак ба донишҷӯёниёни бепарастор
Хуҷанд, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).- Дар Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров 46 нафар донишҷӯёни яккаву танҳо, ятим ва бепарастор таҳсил мекунанд. Ин донишҷӯён ҳамеша аз тарафи раёсати Донишгоҳ таҳти пуштибонӣ қарор гирифтаанд. Бахшида ба 21-солагии истиқлолияти давлатӣ роҳбарият ва кумитаи иттифоқҳои касабаи донишгоҳ ба ин донишҷӯён ғамхорӣ зоҳир намуда кӯмаки пулии яквақта расониданд. Ба онҳо бар замми идрорпулии муқаррарӣ, идрорпулии иловагии ҳармоҳа таъин шудааст. Ин донишҷӯён дар симои раёсат ва аҳли Донишгоҳ ғамхору саробони худро доранд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






