Кӯмак ба Хонаи кӯдакони Танобчӣ
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Бахшида ба 21-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати энергетика ва саноат ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик ба маблағи дувоздаҳ ҳазор сомонӣ маводи хӯрокӣ, либосу пойафзол ва молҳои ниёзи аввалия, аз қабили нахӯд, марҷумак, лӯбиё, шакар, макарон, гӯшту биринҷ, равған, пиёз, сабзиву картошка, шири қоқ, орд, чой, наск, каду, намудҳои гуногуни собун, либоси замистона кӯмак расонида шуд.Ин иқдом дар доираи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба расонидани кӯмаки доимии моддию молиявӣ ба маъюбону пиронсолон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои камбизоат, хона-интернатҳо ва муассисаҳои иҷтимоӣ охирин набуда, мунтазам амалӣ мегардад.Ин муассиса 130 нафар тарбиятгирандаро фаро гирифта, соли 2012 18 нафар хатмкунандагони он ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ дохил шуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ иттилоъ доданд.








Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






