Кӯмак ба оилаҳои ниёзманд
Чкалов, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов ва дастгирии амонатгузории «Амонатбонк» дар вилояти Суғд ва корхонаи сангҳои ороишии «Элегант» хатнасури дастаҷамъонаи 24 нафар писарбачаҳо аз оилаҳои ниёзманди шаҳр ва мактаб парваришгоҳи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ки дар шаҳри Чкалов воқеъ аст, доир гардид. Ҳамчунин, барои 200 нафар собиқадорони меҳнат ва маъюбон дастурхони идона оростанд. Ба ҳар яки писарбачаҳо ашхоси саховатпеша Музаффар Шамсуллоев ва Абдуаҳад Мӯъминов тӯҳфаҳои идона ва саропо либос тақдим намуда, таманно доштанд, ки хубу аъло таҳсил намоянд, дилпур бошанд, ки дар симои давлату ҳукумат, ғамхору парастори доимӣ доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






