Кӯмаки башардӯстона дар зарфи 8 моҳ
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова)- Дар зарфи 8 моҳи соли равон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 45 млн. доллар кӯмаки башардӯстона ворид гардид. Дар ин давра ҳамчун кӯмаки озуқаворӣ ба ҷумҳурӣ 8,5 ҳазор тонна орд ба маблағи зиёда аз 4 млн. доллари ИМА ва 514,9 тонна равғани растанӣ ворид шудааст. Дар соҳаи тиб ба маблағи 800 ҳазор доллар воситаҳои дорувориву таҷҳизоти тиббӣ, ба маблағи умумии зиёда аз 19,3 млн. доллар либос ва пойафзол, ба маблағи 1,2 млн. доллар кӯрпаву ҷойхоб, дастгоҳҳои барқиву таҷҳизоти компютерӣ ворид гардиданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти ҶТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






