К. Хамада: «Ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон тақвият бояд дод»

Сентябрь 14, 2012 20:24

Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Япония Казуюки Хамада аз сатҳи кунунии ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Япония изҳори қаноатмандӣ шуд. Зикр шуд, ки ҷиҳати тақвияти равобити ҳар ду кишвар дар соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика ва амсоли инҳо имконияту василаҳо зиёданд ва ҳар ду ҷонибро зарур аст дар самти истифодаи пурсамари ин имконот тадбирҳои самарабахш андешанд.  Мавриди зикр аст, ки соли равон аз бунёди равобити дипломатии Тоҷикистону Япония 20 сол пур мешавад. Ба гуфти Казуюки Хамада дар тӯли 20 сол Япония ва Тоҷикистон тавонистанд бо барқарорсозии ҳамкориҳои муфид дар бахшҳои мухталиф ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гарданд. Муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Япония иброз дошт, ки чун алъон барои ҳарчи бештар ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо Тоҷикистон таҳкурсии мӯътамад мавҷуд аст, мо метавонем бо истифода аз ин заминаи мусоид ҳамкориҳои худро беш аз пеш тақвият диҳем. Тибқи иттилои Казуюки Хамада моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Токио гуфтугӯи «Осиёи Марказӣ+Япония» баргузор хоҳад шуд, ки дар назар аст дар ҷараёни он якчанд масъалаи асосӣ, аз қабили мустаҳкамнамоии амнияти Афғонистон баъд аз хурӯҷи нерӯҳои посдори сулҳ аз он, масоили марбут ба бахши энергетика, расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола, маблағгузорию тиҷорат ва ғайра таҳлилу баррасӣ гарданд.

Сентябрь 14, 2012 20:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!