Китоб – манбаи дониш
Душанбе, 3 сентябр.(АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Бо ибтикори Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти олимони Академияи маорифи Тоҷикистон бо хонандагон баргузор гардид, ки дар он мактаббачагон, муаллимон ва кормандони китобхона иштирок доштанд. Мулоқот ба Рӯзи дониш ва мақоми китоб дар рушди шахсият бахшида шуда буд. Ба саволҳои хонандагон ноиби президенти Академияи маорифи Тоҷикистон Қодир Қодиров, аъзои Академияи маорифи Тоҷикистон Маҳмадулло Лутфуллоев ва Убайд Зубайдов ҷавоб дода, аз мазмуну мундариҷаи китоби нави дарсие, ки академия барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ интишор кардааст, нақл намуданд. Зикр шуд, ки вақтҳои охир тамоюли нисбат ба давраҳои гузашта хеле коҳиш ёфтани талаботи хонанда ба китоб ба назар мерасад. Ба фикри олимон барои афзудани талаботи хонанда ба китоб бояд мақоми оила ва кори маърифатию тарғиботии кормандони китобхона дар байни ҳаводорони китоб баланд бардошта шавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






