Комёбии унвонҷӯи тоҷик
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия конфронси байналмилалии ҷавонон дар мавзӯи «Тамоюли рушди нанотехнологияҳои планарӣ дар заминаи таҷҳизоти муосири полиграфӣ» анҷом ёфт. Дар ин конфронс унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии полиграфии Маскав Дилшод Равшанов дар мавзӯи «Пайвастшавии қабатҳои нозуки катронҳои полиграфӣ» сухан гуфт. Ин маърӯзаи унвонҷӯи тоҷик аз беҳтарин суханронӣ дониста шуд ва он дар маҷмӯаи дастаҷамъии конфронс нашр хоҳад шуд. Боиси тазаккур аст, ки дар конфронси мазкур аз 120 донишгоҳи олии техникии дунё намояндагон ширкат доштанд. Даврони Истиқлол ба ҷавонони тоҷик имкон дод, ки дар қатори давлатҳои хурду бузурги ҷаҳон на танҳо дар донишгоҳу донишкадаҳои мухталифи дунё таҳсили илм намоянд, дониши худро сайқал диҳанд, балки бо маърӯзаву корҳои илмии хеш обрӯву эътибори Тоҷикистонро баланд бардоранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






