Конфронси илмӣ бахшида ба рӯзи забон

Сентябрь 18, 2012 15:55

Душанбе, 18 сентябр, (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- Имрӯз бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи Ваҳдат таҳти унвони «Забони давлатӣ ва танзими ислоҳот» конфронси илмию ималӣ баргузор гардид.  Дар конфронс як қатор барномаҳо: «Қолабҳои вожасозӣ дар номгузории бонкҳо», «Масъалаҳои татбиқи забони тоҷикӣ дар соҳаи илм», «Баъзе масъалаҳои истифодаи истилоҳот дар Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вижагиҳои забон ва истилоҳоти бахши ҳуқуқ», «Як сарчашмаи такомули истилоҳоту муштақоти забони тоҷикӣ» ва мавзӯъҳои дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ифтитоҳи конфронс раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудо Саймиддинов таъкид намуд: «Дар даврони истиқлолият барои рушди забони давлатӣ имкониятҳои бештар фароҳам омада ва бо нерӯву тавони миллӣ дар суннатҳои таърихӣ эҳё гардид. Имрӯз забони тоҷикӣ дар қатори забонҳои ҷаҳон мақоми хосса касб намуда, ҳамзамон дорои таҳаввулот ва мушкилоти хеш мебошад, ки яке аз ин мушкилот танзим ва истилоҳоти забон маҳсуб мешавад». «Бо қабул шудани Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон,соли 1998 ба Кодекси давраи шӯравӣ зиёда аз 800 тағйироту иловаҳо ворид гардид, ки танҳо 720- тоаш ибораҳои лафзию забонӣ буд»,афзуд зимни суханронӣ Анвар Сафаров. Ҳамчунин дар конфронс олимону донишмандони зиёд аз донишгоҳҳои Кӯлоб ва Хуҷанд иштирок намуда, доир ба масъалаҳои истилоҳоти забони давлатӣ ибрози назар намуданд.

Сентябрь 18, 2012 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд