Конфронси миллӣ оид ба маблағгузории хурд
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- «Дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ- асоси рушди устувор ва дарозмуддат»- чунин аст мавзӯи Конфронси VI миллӣ оид ба маблағгузории хурд, ки имрӯз , 27 сентябр, дар шаҳри Душанбе доир гардид. Конфронсро Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, Бонки миллии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон бо дастгирии созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ доир намудаанд. Дар кори конфронс раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Бобохон Маҳмадов, раиси Ассотсиятсияи бонкҳои Тоҷикистон Изатулло Лалбеков, директори Ассотсиятсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон Фарҳод Акбаров иштирок доранд. Ҷиҳати асосии роҳандозӣ намудани конфронси мазкур муайян намудани мақсадҳои стратегии рушди бахши маблағгузории хурд мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






