Коргоҳ барои 100 нафар дӯзанда
Бадахшон, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).-Рӯзҳои наздик бинои кӯҳнаи мактаби рақами 7-уми шаҳри Хоруғ ба корхонаи дӯзандагӣ табдил хоҳад ёфт. Алъон бинокорон ба таъмиру барқарорсозии бино машғуланд. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхона наздики 100 нафар занону духтарони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор мегарданд.Тавре ки аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд, иқдоми мазкур аз ҷониби сардори Агентии амволи махсуси назди ҳукумати кишвар Лолахон Раҳмонов роҳандозӣ шуд.Дар як муддати кӯтоҳ масолеҳи сохтмонӣ аз шаҳри Душанбе ба маркази вилоят интиқол дода шуд ва коргарони ширкати сохтмонии «Порвор» ба навсозии бино машғул шуда, ният доранд, ки то рӯзи 9-уми сентябр биноро бо сифати баланд таъмир намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






