Корхонаҳои аз пардохти музди меҳнат қарздор
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Маблағи қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта то охири моҳи июли соли 2012-ум ба андозаи 20 млн. 483,9 ҳазор сомонӣ боқӣ мондааст. Қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат дар 7 моҳи соли ҷорӣ 14 млн. 307,7 ҳазор сомонӣ ё 69,8 фоизи маблағи умумиро ташкил додааст.- иброз доштанд дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар». Бо вуҷуди боқӣ мондани қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат, дар охири моҳи июн нисбат ба охири моҳи майи соли ҷорӣ қарздорӣ ба маблағи 2 млн. 405,8 ҳазор сомонӣ ё ки ба миқдори 10,5 фоиз кам шудааст. Камшавии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат қариб дар ҳамаи бахшҳои фаъолияти иқтисодӣ ба қайд гирифта шудааст. Танҳо дар соҳаи кишоварзӣ қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бетағйир монда, дар сатҳи моҳи гузашта қарор дорад. Камшавии қарздорӣ аз музди меҳнат қариб дар ҳамаи намудҳои фаъолияти иқтисодии бахши хизматрасонӣ ба қайд гирифта шудааст. Ба иттилои манбаъ, қарздории аз ҳама зиёд дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ, аз ҷумла дар сохтмон ба андозаи 9 млн.368,2 ҳазор сомонӣ, дар соҳаи барқу газ ва таъмини об ба миқдори 3 млн. 557 ҳазор сомонӣ, кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ ба миқдори 3 млн. 814,2 ҳазор сомонӣ боқӣ мондааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






