Корхонаи коркарди ғалла

Сентябрь 3, 2012 15:00

Спитамен, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар» Мирзалӣ Амонов).-Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ Султонхоҷа ва Мухторхоҷа Ҳасановҳо технологияи ҳозиразамони коркарди ғалла васлу насб гардид. Барои сохтмони корхона ва васлу насби таҷҳизот 2 млн. сомонӣ маблағ масраф гардида, хатти технологии он иқтидори коркарди 3000 тонна ғалларо дорад. Ба кори корхонаи коркарди ғаллаи ширкати «Султони Эдаким» 50 нафар сокини ноҳияи Спитамен ҷалб шудаанд. Аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар оянда тавсеаи корхона пешбинӣ шуда, коргоҳҳои истеҳсоли хӯроки чорво ва коркарди дубораи маҳсулоти ғалла, инчунин бунёди анбори ашёи хом бо ғунҷоиши 6000 тонна ғалла ба нақша гирифта шудааст.

Сентябрь 3, 2012 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад