Корхонаи нави хурд дар Кӯлоб

Сентябрь 20, 2012 11:08

Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Дар шаҳри Кӯлоб сохтмони корхонаи хурди тавлиди макарон анҷом меёбад. Таҷҳизоти корхонаи нав аз кишвари Олмон оварда шудааст. Иқтидори истеҳсолии таҷҳизоти нав дар як соат 250 килограмм маҳсулотро ташкил медиҳад. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, корхонаи нав барои тавлиди маҳсулот орди навъи аълоро истифода намуда ва бо ин васила маҳсулоти хушсифат истеҳсол менамояд.Қобили зикр аст, ки ҳар сол дар кишвар дар натиҷаи ташкили корхонаю коргоҳҳои нав истеҳсоли макарон афзун мегардад. Ҳоло дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ чунин корхонаҳо фаъолият доранд.

Сентябрь 20, 2012 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад