Лоиҳаи нави тиббӣ дар Душанебе
Душанбе, 19 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шаҳрдории Душанбе бо мақсади дарёфти беҳтарин таҳиягари лоиҳаи таҷҳизонидани иншооти беморхонаи бисёрсоҳавии дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст ва «Осоишгоҳ барои 200 ҷой» бо таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири тиббӣ озмуни кушод эълон менамояд. Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев барои дарёфти таҳияи лоиҳаи иншооти мазкур Комиссияи озмунӣ аз ҳисоби намояндагони сохторҳои марбутаи шаҳрию ҷумҳуриявӣ ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе созмон дода шудааст. Дар озмун ташкилотҳои лоиҳакашии салоҳиятноки ватанию хориҷӣ ҳуқуқи иштирок карданро доранд. Аз Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки иншооти беморхонаи бисёрсоҳавии дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст ва осоишгоҳ барои 200 ҷой дар кўчаи Неъмат Қарабоев, шафати бозори «Султони Кабир» бунёд карда мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






