Маҳсулоти кишоварзии арзон дар Роғун

Сентябрь 6, 2012 11:35

Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Вазорати кишоварзии ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва сазовор ҷашн гирифтани 20- умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳраки Роғун намоишу фурӯши маҳсулоти кишоварзиро доир намуд. Баҳри ғанӣ гардонидани дастурхони аҳолӣ зиёда аз 74690 тонна маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, пиёз, гӯшт, тухм, моҳӣ, биринҷ ва дигар полезиҳо бо нархи нисбат ба бозор 30-40 фоиз арзон пешкаши харидорон гардонида шуд. Ҳамзамон ба тариқи ройгон ба ятимхонаи шаҳри Роғун аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мӯъминобод 6 тонна маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ тақдим карда шуд.

Сентябрь 6, 2012 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад