Махзани миллии маълумоти ҷойҳои кории холӣ
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва ташкилоту муассисаҳо мерасонад, ки дар давоми як сол сомонаи «Махзани миллии маълумот оид ба ҷойҳои кории холӣ» дар суроғаи www.kor.tj кор мекунад. Фаъолияти ин сомона бевосита ба эҳтиёҷоти шаҳрвандони бекор, корҷӯён, муҳоҷирони меҳнатӣ ва корфармоён нигаронида шуда, дар он маълумоти муфассал доир ба ҷойҳои кории холӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, тозатарин навигариҳои вазъи бозори меҳнат, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ, пурсишномаҳои иҷтимоӣ, тадқиқот доир ба вазъи бозори меҳнат ҷой дода шудаанд. Тавассути ин сомона шаҳрвандони бекор, корҷӯён, муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд барои худ дар дохил ва хориҷи кишвар ҷойи кори муносиб пайдо кунанд, корфармоён дар ҷустуҷӯи кормандони ихтисосманд аз он ройгон истифода намуда, маълумотро оид ба ҷойҳои кории холӣ дар сомона ҷойгир намоянд. Дар ин сомона мунтазам теъдоди қариб 10 ҳазор ҷойи кории холӣ дар ҷумҳурӣ ва хориҷ бо нишон додани музди меҳнат ва дигар шароити корӣ ҷойгир шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд барои ҷустуҷӯи кори муносиб аз он истифода намоянд.Илова ба ин, шаҳрвандон имкон доранд тавассути ин сомона маълумотро доир ба касбомӯзӣ дар марказҳои таълимӣ, ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ пайдо намуда, доир ба ҳама намуди хизматрасониҳои мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ иттилоъ гиранд, арзу шикояти худро доир ба фаъолияти мақомоти мазкур пешниҳод намоянд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии иттилоотии Вазорати ҳифзи иҷтимоӣ ва аҳолии ҶТ иттилоъ доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






