Ман ҳамонам, ки шумо дидаву каф кӯфтаед…
Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 20-уми сентябри соли ҷорӣ дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент консерти хайрияи устодони санъати Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев, Сафаргул Юсупова, Абдумаҷид Бердиев, Қобилҷон Зарифов, Хурсандмурод Зарифов, Ситораи Кароматулло, Ақназар Аловатов, Додо Бобоев ва дигарон ба хотири гиромидошти Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Олимҷон Бобоев (Олими Искандар) таҳти унвони «Ман ҳамонам, ки шумо дидаву каф кӯфтаед…» баргузор мегардад.Муовини директори Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов Зиёбой Тошев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки маҳфили ёдбуд бо ибтикори Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, Муассисаи давлатии сафарӣ-ҳунарии «Базморо» дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент баргузор мешавад. Маблағи аз ҳисоби фурӯши чиптаҳо ҷамъшуда ба аҳли оилаи шодравон Олимҷон Бобоев бахшида мешавад.Маврид ба ёдоварист, ки Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Олимҷон Бобоев моҳи феврали соли равон дар сини 54-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷаҳон гузашт ва ҷасади ӯ дар зодгоҳаш- шаҳри Панҷакент ба хок супурда шуд.Вай чандин сол дар дастаи «Шашмақом»-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон фаъолият карда, барандаи чандинкаратаи Ҷашнвораи байналмилалии «Таронаҳои Шарқ» аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






