Маркази густариши истеъдоди ҷавонон
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Беш аз 1040 нафар хонандагони мактаб ва гимназияю литсейҳои пойтахт дар Маркази густариши истеъдоди шаҳри Душанбе ба таҳсил шурӯъ карданд. Дар ин марказ қариб 11 барномаи иловагии таълимӣ аз рӯи фанҳои риёзӣ, физика, кимиё, биология, иттилоот, забони русӣ ва ғайра дар амал татбиқ мешавад. Дар марказ клубҳои «Забондӯст», «Хабарнигорони ҷавон», «Фарҳанги забони англисӣ» ва «Ҳуқуқшиносон» фаъолият дошта, дар онҳо маҳфилҳои эҷодӣ, конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва ҳамоишу мулоқотҳо доир мегарданд. Мувофиқи суханони директори марказ Рустам Сафаров, ҳар сол аз рӯи ҳамаи фанҳои асосӣ олимпиадаҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






