Маросими савгандёдкунии курсантон
Суғд, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).- Имрӯз дар факултети № 4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савганди курсантони курси якум гузаронида шуд, ки дар он меҳмонон низ иштирок намуданд. Дар чорабинӣ Шариф Назаров, генерал- майори милитсия, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, Юсуфҷон Баҳронов, полковники мустаъфӣ, собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ, Шавкат Ҳакимҷонов, узви Шӯрои интернатсионалистони вилояти Суғд, нафақахӯри Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон ширкат намуданд.Дар чорабинӣ зиёда аз 90 нафар курсант савганд ёд карда, инчунин маҳорату малакаи худро дар ҷодаи варзиш баръало нишон доданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






