Маросими таҷлил аз 21-солагии истиқлолияти кишвар

Сентябрь 10, 2012 08:01

Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим)- Шоми дирӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» тантанаи бузурги идона бахшида ба 21-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин базми идонаро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо суханронии худ ҳусни оғоз бахшид. Эмомалӣ Раҳмон дар доираи суханронии кӯтоҳи худ аз арзишҳои мӯътабари миллӣ, аз ҷумла истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, ҳифзу таҳкими онро вазифаи муқаддаси ҳар як сокини кишвар хонд.  Дар тантанаи таҷлил аз 21-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонон аз кишварҳои хориҷ ва инчунин ҳазорон нафар сокинони кишвар бо рӯҳи болида иштирок намуданд. Намоиши театрикунонидаи аҳли ҳунар, ки фарогири сурудҳои ҷаззоб дар васфи ёру диёр ва мусиқиҳои дилнишину рақсҳои зебо буд, ба ин тантана шукӯҳи дучанд бахшид.  Маросими таҷлил аз 21-умин солгарди истиқлолияти кишвар бо суханронии интиҳоии Эмомалӣ Раҳмон ба охир расид. Президенти кишвар ба аҳли санъат ва ҳунар, ки дар таҳия ва омодасозии намоиши театрикунонидашуда заҳматҳо кашидаанд, арзи сипос намуда, ба эшон дастагули зебоеро ҳадя намуд. Бо ҳамин тантанаи таҷлил аз 21-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.

Сентябрь 10, 2012 08:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!