Мастӣ ба пастӣ мебарад

Сентябрь 25, 2012 14:58

Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). –19 сентябри соли 2012 соати 21.30 ронандаи мототсикли тамғаи «Планета-5», бе рақами қайди давлатӣ, таҳти идораи ронанда Шералӣ Ҷӯраев, соли тавалудаш 1987, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳолати мастӣ бе ҳуҷҷати ронандагӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Ғафуров-Овчӣ Қалъача аз ўҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бармехӯрад, ки дар натиҷа ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.  Ҳамчунин 20 сентябри соли 2012 соати 23.00 дар ноҳияи Данғара ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра» Раҷабмурод Ҷалилов, соли таввалудаш 1972, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар километри 90 аз ўҳдаи идораи мошин набаромада, мошинро ба канали обгузар чаппа мекунад, ки дар натиҷа ронанда ва мусофираш Мирзомуддин Муродов, соли таввалудаш 1946 ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Ҳамин тариқ, аз 16 то 23 сентябри соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 23 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 7 нафар ба ҳалокат расида, 22 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд. Дар ин бора аз шӯъбаи ташвиқоту тарғиботи раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов иттилоъ дод.

Сентябрь 25, 2012 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд