Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва 18 субъекти он
Душанбе, 11 сентябр.(АМИТ «Ховавр», Лаззат Диловарзод).- Масоҳати Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд 320 гектарро ташкил медиҳад. Дар айни замон 18 субъект дар ин минтақаи озоди иқтисодӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 11 субъекти онро корхонаҳои ватанӣ ва 7-тояшро корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Лаҳистон, Тоҷикистону Кипр, Тоҷикистону Русия, Тоҷикистону Туркия, Тоҷикистону Чин ва дигар субъектҳои иқтисодӣ ташкил медиҳанд.
Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» истеҳсоли қубурҳои пластикӣ, коллекторҳои офтобӣ, ноқилҳои барқӣ, рангҳои молиданӣ, профилҳои пластикӣ барои дару тиреза, қуттиҳои пластмасӣ барои нигоҳдории мева ба роҳ монда шудааст. Соли ҷорӣ дар ин минтақа 6 корхонаи саноатӣ фаъолият намуд. Корхонаи саноатии ҶС «Сирандуд» ба маблағи 312 ҳазору 107 сомонӣ, ҶДММ «Реал» ба маблағи 1 млн. 353 ҳазор сомонӣ, КМ «Силкаат Бойя» ба маблағи 1 млн. 316 ҳазор сомонӣ, КМ «Стар Пласт» ба маблағи 7 млн. 665 ҳазор, ҶДММ «Дӯсти Амирхон» ба маблағи 1млн. 120 ҳазор ва ҶДММ «Некон» ба маблағи 1 млн. 508 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайр аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боз се минтақаи озоди иқтисодӣ: «Панҷ» -у «Данғара» дар вилояти Хатлон ва Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» дар ВМКБ вуҷуд дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






