Мол ва хидматрасонии беҳтарин муайян мешавад

Сентябрь 7, 2012 15:22

Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр).-Тавре ки аз «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 15 сентябр дар шаҳри Душанбе маросими мукофотонидани ғолибони озмуни «Мол ва хидматрасонии беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад. Агентии «Тоҷикстандарт» маротибаи сеюм аст, ки бо иштироки як қатор вазорату идораҳои кишвар чунин озмунро роҳандозӣ мекунад. Озмуни имсола, ки 147 корхона, ташкилот ва соҳибкорони инфиродии кишвар барои иштирок дар он дархост дода буданд, моҳи июни соли равон оғоз ёфта буд. Аз рӯи натиҷаи марҳилаи аввали озмун, ки 1 август дар вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ анҷом ёфт, 95 нафар иштирокунандагон барои ширкат дар марҳилаи ниҳоии он роҳхат пайдо карданд. Алҳол комиссияи ҷумҳуриявии озмун дар маҳалҳо вазъи даври дуюмро арзёбӣ намуда, баъди анҷоми он ба ҳаками озмун барои муайян кардани ғолибони он тавсияҳо дода мешаванд.

Сентябрь 7, 2012 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд