Муҳлати будубоши пойгоҳи 201-ум тамдид мешавад?
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим)- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Муовини аввали раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Шувалов як қатор масоили муҳим дар соҳаҳои сиёсату иқтисод, энергетикаву амният мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таваҷҷӯҳи хосса дар бобати муайянсозии муҳлат ва шароити будубоши пойгоҳи низомии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон пас аз соли 2014 сурат гирифт. «Ба мо имкон даст дод, то ҳар як масоили ҳалталаб дар бахшҳои мухталифро дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ба нафъи ҳар ду кишвар ҳал намоем» — иброз дошт Игор Шувалов. Ба гуфти Игор Шувалов масъалаи густариши ҳамкории иқтисодии байни Русия ва Тоҷикистон аз мавзӯоти меҳварии мулоқот будааст. Шувалов илова намуд, ки дар ҷараёни сафари қарибулвуқӯи Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон дар назар аст, якчанд санадҳои муҳим дар бахшҳои энергетика, иқтисод, амният, инчунин созишнома дар мавриди будубоши пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон баъд аз соли 2014 ба имзо расанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






