Муҳокимаи масоили истихроҷи маъдан
Душанбе, 28 сентябр.(АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 27 сентябр дар Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти сардори Сарраёсати геология Азим Иброҳим бо намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Ҳарри Мак Маҳон баргузор гардид. Ҳарри Мак Маҳон зимни сӯҳбат изҳор дошт, ки Шӯрои раисони Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи «Густариши рақобатпазирии бахши инфиродӣ»-ро имзо намуд, ки дар он сеяки ҳаҷми умумии маблағгузорӣ барои бахши истихроҷи маъдан пешбинӣ шудааст. Тавре ки аз дафтари матбуоти Сарраёсати геология ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, лоиҳаи мазкур чор самти асосиро фаро мегирад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






