Муаррифии китоби «Корнамоии Эмомалӣ Раҳмон» дар Минск
Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус 4 сентябр дар шаҳри Минск дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 20-солагии иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими муаррифӣ намудани китоби муаллифони тоҷик Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин «Корнамоии Эмомалӣ Раҳмон» баргузор гардид.Назар ба хабари Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ин китоб , ки барои офаридани он қариб ним сол сарф шуд, бо адади беш аз 500 нусха интишор шудааст.Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов маросими муаррифиро ифтитоҳ намуда, гуфт ки ба забони беларусӣ нашр шудани ин китоб ҷузви муҳими муносибатҳои фарҳангии Беларус ва Тоҷикистон аст.Сафир ба ҳозирин аз дастовардҳои дуҷониба аз рӯи доираи васеи масъалаҳо муфассал нақл карда, зикр намуд, ки солҳои охир се китоби муаллифони беларусӣ ба забони тоҷикӣ чоп шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






