Муаррифии минтақаҳои иқтисодии Қошғар
Душанбе, 20 сентябр.(АМИТ «Ховар»,Покиза Маҳмадбекова) – 19 сентябр дар шаҳри Душанбе маросими муаррифӣ намудани минтақаи махсуси иқтисодии Қошғари Ноҳияи Мухтори Синҷону Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Лариса Кислякова зимни суханрониаш иброз дошт,ки ташкили минтақаи иқтисодии Қошғар барои рушди Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байни Ноҳияи Мухтори Синҷон ва Тоҷикистон имкониятҳои нав фароҳам меорад.Ин иқдоми хубест барои таҳким бахшидани робитаҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Синҷон. Муовини комиссари минтақаи иқтисодии Қошғар Ванг Йонг Ҷи изҳори умедворӣ намуд,ки корхонаҳои ҳарду кишвар метавонанд ба бозорҳои якдигар роҳ пайдо намоянд ва онҳо дар доираи механизмҳои ҳамкорӣ бештар мавриди дастгирӣ қарор гиранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






