Мубориза бар зидди ҷиноятҳои мухаддиротӣ
Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Аз 11 то 14 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Праветсеи Ҷумҳурии Булғория конфронси байналмилалии зиддимухаддиротӣ доир ба масъалаҳои минтақавии Шарқи Наздик вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор баргузор гардид.
Дар давоми якчанд рӯз иштирокчиёни вохӯрӣ масъалаҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои мухаддиротӣ, инчунин фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаро, ки моҳияти фаромиллӣ доранд, муҳокима карданд.Барои ширкат дар кори конфронси роҳбарони зиддимухаддиротии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Шарқи наздик, Аврупо, Ҳиндустон, Русия, Туркия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даъват шудаанд. Аз Тоҷикистон дар ин мулоқот директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров иштирок дорад.Имрӯз конфронс ба кори худ анҷом мебахшад. Дар ин бора аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






