Муборизаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон бар зидди қочоқ
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинг дар мавзӯи “Баргузории чорабиниҳои тактикӣ” оғоз шуд.Тренинги мазкур дар доираи Лоиҳаи Шӯрои НАТО-Русия оид ба омӯзиши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мегузарад ва аз ҷониби Намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад.Дар ин курсҳо дар баробари кормандони Агентӣ, инчунин мутахассисони масъули Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ низ иштирок доранд.Дар доираи тренинг кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон перомуни мавзӯъҳои баргузории чорабиниҳои гуногуни тактикӣ ва фаврӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъовар омӯзиш мегиранд, ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориҳоро дар баргузории чорабиниҳои муштарак таҷриба мекунанд.Тренинг аз ҷониби муаллимони Маркази таълимии пулиси миллии мубориза бо ҷинояткории муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири Ҷумҳурии Туркия гузаронида мешавад.Тренинг то 14 сентябри соли ҷорӣ идома мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






