Мукофотҳои ҷашнӣ ба пешқадамони Суғд
Душанбе, 8 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар арафаи таҷлили 21-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба 70 нафар собиқадору фаъолони вилоят барои хизматҳои арзандаашон аз номи Президенти мамлакат мукофот тақдим намуд.Ба ин муносибат дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Раиси вилоят шахсони хизматнишондода ва собиқадорони меҳнатро бо ин санаи таърихӣ табрик гуфта, аз ҷумла Бабин А.П –сардори минтақаи механикии корхонаи гидрометаллургии КВД «Востокредмет» ва Зафар Мамадҷонов – раиси ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Аштро бо медали «Хизмати шоиста», Мулломуҳаммадӣ Сафаров — раиси ҷамоати шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айниро бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардонид.Тӯҳфаҳо аз ҷониби раиси вилоят Қоҳир Расулзода ва мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрӣ Алишер Шарифов супорида шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






