Мукофот муборак!
Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 21-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ ба як гурӯҳ аҳли фарҳанг ва ҳунари тоҷик баргузор гашт. Мукофотҳои давлатиро ба аҳли ҳунар ва фарҳанг ҷонишини Сарвазири кишвар Руқия Қурбонова супурд. Исфандиёр Ғуломов –Ҳунарпешаи театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ, сарвари театр-студияи ҳазлу мутоибаи «Хандинкамон»- Муқим Абдулфаттоев, Фазила Мамедова-овозхони опера, устоди саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, Ҷӯрабой Сангов- мудири дафтари методии мактабҳои бачагонаи санъат ва мусиқии Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, овозхони оркестри эстрадии «Гулшан» — Зиёда Қадамова, сармуҳаррири рӯзномаи «Шаҳриёр»-и шаҳри Ваҳдат Нуриддини Амриддин, муаллими калони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода Хушбахт Беков ва директори кулли осорхонаҳои таърихию кишваршиносӣ ва ёдгориҳои таърихию меъмории шаҳри Исфара Абдуманон Раупов бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуданд.
Бо «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Туйғинҷон Аргатов-омӯзгори мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М.Атоев, Шамсулло Аҳадов-мудири бахши фарҳанги ноҳияи Балҷувон, Орзу Хоҷамова –ҳунарманди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, Рауф Раҳматов- сарвари мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд, Сӯҳроб Раҷабов- раиси интишороти «Эр-граф» мукофотонида шуданд.Дар ин бора сармутахассиси Вазорати фарҳанг Раҳматулло Раҳматуллоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






