Мулоқоти ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷӣ
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- 27 сентябр дар ҳошияи музокираи умумӣ дар иҷлосияи 67-уми Ассамблеяи Генералии СММ мулоқоти ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) баргузор гардид.Тавре ки дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вазирон дар ҷараёни мулоқот перомуни танзими сиёсати хориҷӣ ва ҳамкории минбаъдаи давлатҳои аъзои СПАД аз рӯи масъалаҳои асосӣ табодули афкор намуданд.Роҳбарони ҳайатҳо ҳисоботи мухтасари Дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъиро дар бораи рушди ҳамкории байни СПАД ва СММ шуниданд.Дар ҷараёни мулоқот изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СПАД аз рӯи қазияи Сурия ва вазъияти Эрон қабул шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






