Мулоқоти Қ. Расулзода бо М. Антл
Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Дирӯз Раиси Кумитаи масъалаҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқии Парлумони Ҷумҳурии Чехия Мирослав Антл бо ҳамроҳии як ҳайат ба вилояти Суғд ташриф овард. Зимни мулоқот раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода раиси Кумитаи масъалаҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқии Парлумони Ҷумҳурии Чехия Мирослав Антл ва ҳайати ҳамроҳонашро бо раванди созандагиву бунёдкориҳо дар вилоят ва омодагӣ ба ҳамкориҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳо шинос намуд. Мирослав Антл низ дар навбати худ бобати густариши ҳамкориҳои ҳаматарафаи судманди Тоҷикистону Чехия нақшаву ниятҳои худро баён дошт.Раиси Кумитаи масъалаҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқии Парлумони Ҷумҳурии Чехия Мирослав Антл ва ҳайати ҳамроҳонаш ҳамчунин аз осорхонаи вилоятии кишваршиносӣ дар шаҳри Хуҷанд, осоишгоҳи «Баҳористон» дар шаҳри Қайроққум боздид намуданд.Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






